8 Май 2023 - 11:02
Раиси маҷлиси Узбекистон дар дидор бо устондори Хуросони Разавӣ: Гардишгарӣ  ва равобити иқтисодӣ мукаммили ҳам ҳастанд

Раиси Маҷлиси қонунгузории Узбекистон гуфт, гардишгарӣ ва равобити иқтисодӣ мукаммили ҳам ҳастанду ҳузури гардишгарон мунҷар ба тавсеаи иқтисодӣ ва ҳамчунин ҳузури иқтисодӣ низ мунҷар ба афзоиши гардишгарӣ байни ду кишвари Узбекистон ва Эрон хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, Нуриддинҷон Исмоилов, раиси Маҷлиси қонӯнгузории Узбекистон рӯзи якшанбе дар дидор бо Яъқубалии Назарӣ, устондори Хуросони Разавӣ, дар Машҳад, шимоли шарқи Эрон, афзуд, дар солҳои ахир равобити 2 кишвари Эрону Узбекистон дар заминаҳои мухталиф тавсеа ёфтааст.

Исмоилов бо ишора ба инки равобити иқтисодии Узбекистон бо Эрон ниёз ба густариши бисёр дорад, ибрози умедворӣ кард, равобити иқтисодӣ ва тиҷории 2 кишвар дар сатҳи муносибе қарор гираду сафари раисиҷумҳури киишвари Узбекистон дар ояндаи наздик ба Эрон мунҷар ба тавсеаи равобити дуҷониба шавад.

Раиси Маҷлиси қонунгузории Узбекистони афзуд, бо сафар ба устонҳои Исфаҳону Хуросони Разавӣ, бо тавонмандиҳои Эрон ошно шудааст ва тасвири комилтаре аз Эрон барои ӯ шакл гирифтааст.

342/